IQNA

 Рушди бесобиқаи исломҳаросӣ дар Амрико

17:55 - November 10, 2023
рақами хабар: 683
Амрико (ИКНА) гузоришҳои ҷадид нишон медиҳад, ки Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ дар моҳи гузашта 1283 гузориш дар робита ба рафторҳои зидди араб ва исломҳаросона дарёфт карда, ки нишон аз афзоиши шадиди ин маворид дорад.

Ба гузориши, CNN гузориш дод, ки Шӯрои равобити исломӣ дар Амрико ба номи “CAIR” рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард: ба фосилаи як моҳ пас аз шуруи ҷанги Ғазза, 1283 дархости кумаку гузориш дар робита ба рафторҳои ҷонибдоронаи (зидди мусалмонон ва арабҳо) дарёфт кардааст.

Бузургтарин созмони мудофеи ҳуқуқи мусалмонон дар Амрико илова кард: дар соли 2022 ба таври мутавассит 406 шикоят дар як давраи 29 рӯза дарёфт кардааст. гузоришҳои ҷадид нишондиҳандаи афзоиши 216 дарсадии дархости кумак нисбат ба соли қабл аст.

Кори Сейлор, мудури таҳқиқоту ҳимоят дар CAIR, дар баёнияе, ки ба CNN дод, гуфт, ки ин гузоришҳо нишондиҳандаи бузургтарин мавҷи таассуби исломҳаросӣ (исломофобия) ва зидди араб буда, ки ин созмон аз соли 2015 ва замоне, ки Доналд Трамп хостори мамнуъияти вуруди мусалмонон ба Амрико шуда буд бо он рӯ ба рӯ шудааст.

Сейлор дар баёнияе гуфт: суханони исломҳаросона ва зидди фаластиние, ки ҳам барои тавҷеҳи хушунат алайҳи фаластиниён дар Ғазза ва ҳам барои сокит кардани ҳомиёни ҳуқуқи башари фаластиниён дар Амрико истифода мешавад, ба ин афзоиши бесобиқаи ифротгароӣ кумак кардааст.

CAIR дар давоми сол ҳаводиси марбут ба иқдомоти зидди мусалмонон ва зидди араб гузоришшударо аз ниҳодҳои маҳаллии худ дар саросари кишвар сабт мекунад

Ин созмон бори дигар аз Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишвар хост то дар бораи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос музокира кунад.

Сейлор ҳамчунин аз Байден хост то барои муқобила бо нафрати пароканӣ алайҳи мусалмонон бештар талош кунад.

Сейлор гуфт, ки ҳамаи амрикоиҳо аз ҷумла раҳбарони сиёсӣ, ширкатҳо, расонаҳо, созмонҳои маданӣ дар мубориза бо афзоиши мавозеи зидди исломӣ нақш доранд.

https://iqna.ir/00HXda

captcha